Баъди ҳавои ноустувор гармӣ меояд
Душанбе, 03.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 4 октябр ҳавои Тоҷикистон ноуствор гардида, хокбод шуда, шамоли сахт мевазад. Дар кӯҳсор ва минтақаҳои назди он борон мешавад. Дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ин бора аз Маркази хавосанҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,.
Мувофиқи суханони ҳавошиносон, 4 октябр ҳарорати ҳаво рӯзона 23 – 25 дараҷа ва дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон 29 дараҷа гарм мешавад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, чунин воқеияти табиат муваққатӣ буда, 5 октябр ҳаво соф ва 5 — 6 октябр ҳарорати ҳаво аз 28 то 32 дараҷа гарм мешавад.
Пагоҳ, 4 октябр, ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 26 – 28 дараҷа, дар вилояти Суғд 24 – 25 дараҷа, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 – 28 дараҷа, дар ғарби ВМКБ 26 – 27 драҷа, дар шарқи он 11 – 14 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 27 – 29 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






