Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Германия
Душанбе, 3.10.2014. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Шумо ва мардуми дӯсти Германияро бо фарорасии ҷашни миллӣ –солгарди Рӯзи Ваҳдати Германия аз номи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ сидқан табрик ва таҳният мегӯям.
Боиси хушнудист, ки бар асари саъю талош ва кӯшишҳои созандаи ҳар ду ҷониб равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Олмон сатҳи баланд ва сифатан навро касб намудааст.
Дар Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Германия аҳамияти хоса медиҳанд. Итминон дорам, ки истифодаи бештари ду ҷониб аз тамоми имкониятҳои мавҷуда дар роҳи таҳкиму таъмиқи равобити ҳасанаи ду кишвар комёбиҳои ҷадид ба бор хоҳад овард. Мо аз ҷониби худ барои амалӣ гаштани ин ормонҳо ва тақвият бахшидани равобити байни кишварҳо ва халқҳоямон ҳамаи талошҳои созандаро истифода хоҳем кард.
Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент, сиҳҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Олмон саодат ва дастовардҳои ҷадид орзумандам».








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






