Барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба Дилма Вана Руссеф

Октябрь 29, 2014 16:03

Душанбе, 29.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Дилма Вана Руссеф барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:«Хонуми Олиҷоҳ,Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯз шуданатон дар интихоботи президентии кишваратон ва муҷаддадан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия интихоб гардиданатон сидқан табрику таҳният намоям.Умедворам, ки дар давраи нави раҳбарии Шумо бо саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар ин мақоми волои сарварӣ комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Бразилия орзумандам».

Октябрь 29, 2014 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад