Барномаи амнияти озуқавории кишвар барои солҳои 2016-2020
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимон Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии кишвар пешниҳод шуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли равон тасдиқ гардид.
Ба лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳои илман асоснок дохил намуда, ба Вазорати кишоварзии кишвар пешниҳод шуданд.
Аз ҷумла, дар банди 8-и лоиҳаи мазкур гузаронидани мониторинг оид ба муайян намудани ҳолати коршоямии сардхонаҳо пешниҳод гардид.
Бо иштироки олимон лоиҳаи «Барномаи амнияти озуқавории кишвар барои солҳои 2016-2020» таҳия гардид, ки он ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад.
Модели минтақавӣ-дифференсиалии сиёсати рушди босуботи минтақаҳои деҳоти ҷумҳурӣ ба итмом расонида шуд.
Вобаста ба амалӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот самараи иқтисодии бунёди боғҳои интенсивӣ бо нишондиҳандаҳои назарраси фарқкунанда нисбат ба боғҳои анъанавӣ дар шароити табиию иқлимии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






