Барномаи «Соли 2014 -соли роҳҳои обод» дар амал
Панҷакент, 3.10.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд Барномаи «Соли 2014 — соли роҳи обод» бо маром идома дорад. Кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент низ дар асоси ин барнома бунёд, таъмир ва ҳифзи роҳҳои маҳаллиро роҳандозӣ мекунанд. Барои сохтмон, таъмир ва таҷдиди роҳҳои мошингард сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷалб гардидаанд.
Тавре ки сарвари муассиса Фахриддин Муъминов зикр кард, дар 9 моҳи сипаришуда аз ҳисоби соҳибкорон ва шаҳрвандон 85 километр роҳи мошингарди байни хоҷагиҳо ҳамвор ва шағалпӯш гардида, кӯчаҳои Отахон Латифӣ, «50- солагии Тоҷикистон», Саъдии Шерозӣ, Лоиқ Шералӣ, Деваштич аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Таҷдид ва таъмири кӯчаи Ҷалолуддини Румӣ ба ҳусни шаҳр таровати тоза бахшид. Ҳоло мумфаршкунии кӯчаи Навобод идома дорад. Дар ин давра бо сарпарастии ҶДММ КМ «Зарфшон» роҳи мошингарди Суғдиён-Сӯфиён ва бо дастгирии молиявии корхонаи БРОАДТЕК роҳи Кулолӣ — Зимтӯд ва 2 пул аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бо иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент дохили бозори марказӣ мумфарш гардид. Инчунин аз ҳисоби маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад пули роҳи мошингарди Дуоба — Фароб таъмир шуд.
Зимни суҳбат Фахриддин Муъминов иброз намуд, ки тибқи нақшаи пешбинишуда аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 4 километр ва аз ҳисоби таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент 30 километр роҳи маҳаллӣ барқарору навсозӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






