Баррасии ҳамкориҳои техникӣ дар мизи мудаввар
Душанбе, 09.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 октябри соли 2014 мизи мудаввар дар мавзӯи «Имкониятҳои такмили барномаҳои бозомӯзӣ ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи касбомӯзии гурӯҳи бистум» баргузор гардид.
Мақсади лоиҳаи мазкур ҳамкориҳои техникӣ буда, аз ҷониби Федератсияи Русия ба муҳлати 3 сол (2012-2015) маблағгузорӣ ва аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии меҳнат амалӣ мешаванд. Лоиҳа ба такмил ва беҳсозии таҳсилот ва омӯзиши касбӣ дар кишварҳои Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Иордания ва Ветнам, ки иштирокчии лоиҳа мебошанд, равона шудааст.
Тавре ки аз раёсати муносибатхои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд, дар мизи мудаввар мушовири аввали техникии лоиҳа Жан Дюронсуа, ҳамоҳангсози лоиҳа Елена Кудрявсева ва коршиносони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат, Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолон», Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим, инчунин муассисаҳои касбӣ-техникӣ иштирок доштанд.
Мутобиқи барномаи ҷаласа дар чорабинии мазкур пешниҳодҳо ва имкониятҳои такмили барномаҳои бозомӯзӣ ва барномаҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ дар Тоҷикистон: мушкилотҳо, имкониятҳо ва пешрафти онҳо баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






