Баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
Душанбе, 31.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 октябр дар мавзӯи «Проблемаҳои рушди инсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ» конфронси илмӣ-амалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Бино ба иттилои Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи вазорат, онро Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» баргузор менамояд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, муносибатҳои меҳнатӣ, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисон мутобиқи талаботи бозори меҳнат баррасӣ мегардад.
Аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаҳои методологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва асосҳои ташкили мукаммалгардонии механизми низоми идораи меҳнат ҳамчун низоми комил маърӯзаҳо хонда мешаванд.
Кори конфронс то 31 октябр давом меёбад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






