Баррасии масоили муҳоҷират
Душанбе, 09.0910.201. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-8 октябри соли ҷорӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тайма Курт ва сардори Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Боб Левингтон мулоқот намуд.
Мақсад аз мулоқот муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Барномаи минтақавӣ оид ба муҳоҷират» ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт буд.
Дар ин замина Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмир ва таҷҳизотонидани бинои Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» кумаки моддию техникӣ хоҳад расонд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати муносибатҳои байналхалқӣ ва робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






