Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия
Душанбе, 13.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyat Regency»-и шаҳри Душанбе Бизнес – Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия баргузор гардид.
Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Австрия бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Австрия дар Тоҷикистон доир гардида, дар он доираҳои тиҷоратӣ ва намояндагони сохторҳои Тоҷикистону Австрия ширкат доштанд.
Рушди соҳибкории ватанӣ, тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо шарикони австриягӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари он ба иқтисоди кишвар, инчунин афзоиши гардиши мутақобилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Австрия аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд.
Тавре ки сардори бахши тиҷорати Сафорати Австрия дар Тоҷикистон Михаэл Мюллер изҳор намуд, дар ҳамоиши имрӯза 8 ширкати австралигӣ ва ҳайати расмии ин кишвар иштирок доранд, ки мақсад аз иштирок мустаҳкам кардани риштаҳои дӯстӣ ва пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ мебошад.
Мавсуф зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои Австрияву Тоҷикистон, хусусан ба тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманд аҳамияти махсус медиҳад.
Баргузории чунин мулоқотҳо ба манфиати ҳарду кишвари ба ҳам дӯст буда, ба рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад. Инчунин шарикони нави тиҷоратӣ пайдо гардида, табодули мол миёни Тоҷикистону Австрия меафзояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






