Боздиди Президент аз фермаи инноватсионии зотпарварӣ

Октябрь 8, 2014 10:09

Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии зотпарварии Саодат дидан карда, коргоҳи коркарди шири онро расман ба кор даровард.
 
Зимни боздид, аз ҷумла аён гардид, ки дар фермаи зотпарварии ин хоҷагӣ барои парвариши беш аз 1000 сар чорвои калони хушзоти ширию гӯштӣ шароити инноватсионӣ бо технологияи олмонӣ муҳайё карда шудааст.
 
Ҳоло дар ин ферма 332 сар чорвои хушзоти Сементал, ки зоти гӯштию ширӣ ба шумор меравад, парвариш меёбад. Аз ин шумора 120 сар модаговҳои ҷӯшо ва 132 сар гӯсола ва буқачаҳои наслдиҳанда мебошанд.
 
Барои ҳамаи намуди чорво, модаговҳои ҷӯшо, гусола ва ғуноҷину буқачаҳо вобаста ба синну сол ва талаботи нигоҳубини онҳо ҷойҳои алоҳида бо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамаи салонҳои нигоҳдории чорво дорои таҷҳизоти гармидиҳию салқинсозӣ мебошанд, ки тавассути онҳо барои чорво дар ҳамаи фаслҳои сол ҳавои муътадил таъмин мегардад. Гузашта аз ин, чорвои калони зоти сементол ба иқлими Тоҷикистон, аз ҷумлаи гармии тобистон мутобиқ аст.
 
Шири говҳои ин ферма бо дастгоҳҳои автоматии бо компютер идорашаванда ҷӯшида мешавад. Дар як баст дар як салон 32 модагов ҷӯшида мешавад. Ҳар як модагови ин ферма дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 30 литр шир медиҳад. Аз модаговҳои аз ҳама сермаҳсули ин ферма дар як шабонарӯз то 57 литр шир ҷӯшида мешавад. Ҳамарӯза дар ин ферма қариб 3,5 тонна шири хушсифат истеҳсол мешавад.
 
Дар ин ферма 50 сар буқачаҳои наслдиҳанда барои фурӯш омода аст. Ин буқачаҳо аз ҷониби хоҷагиҳои дигари чорводорӣ ва ҳам аҳолӣ барои хушзот кардани чорво харидорӣ карда мешавад.
 
Дар назди ферма коргоҳи коркарди шир сохта шудааст, ки дар он дар як шабонарӯз то 1,5 тонна шир коркард шуда, аз он маҳсулоти гуногуни хушсифати ширӣ  истеҳсол мешавад.
 
Дар ҳамин ҷо ҳамарӯза ҳамчунин шир аз аҳолӣ қабул карда шуда, пеш аз коркард дар озмоишгоҳ сифати он санҷида мешавад. Қисми зиёди шири ин ферма ва шири аз аҳолӣ харидоришударо барои коркард ба корхонаи коркарди шири Саодати шаҳри Душанбе мефурӯшанд.
 
Дар корхонаи омодасозии хӯроки омехтаи чорвои ин ферма ҳар рӯз 10 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
 
Фермаи мазкур ҳамчунин дорои таҷҳизоти инноватсионии обсофкунӣ ва коркарди пору мебошад. Тавассути дастгоҳи коркарди пору дар ин ҷо истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, зеро тамоми маҳсулоти чорво аз гӯшту шир то пору ҳама мавриди коркард ва истифодаи босамар қарор мегирад.
 
Дар хоҷагии зотпарварии Саодати ноҳияи Хуросон беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1300 сомонӣ таъмин шудаанд.
 
Хоҷагӣ ҳамчунин 305 га замини корам барои истеҳсоли хӯроки чорво дар ихтиёр дорад, ки заминаи хуби истеҳсоли ашёи хом мебошад.

Октябрь 8, 2014 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад