Боздиди Президент аз ноҳияи Шаҳритус

Октябрь 12, 2014 11:42

Душанбе, 12.10.2014. (АМИТ «Ховар»).-Аз ноҳияи Носири Хусрав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия мардум Сарвари давлатро бо муҳаббату самимияти баланд истиқбол гирифтанд.Дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввал корхонаи абрешимресии Дук ба кор дароварда шуд, ки нахустин чунин корхона дар вилояти Хатлон мебошад.Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 5 милион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров бунёд ёфтааст. Дар он 50 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ, соҳиби кори доимӣ шуда, хеле хушҳол гардидаанд.Ин корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз шуда, имкон дорад, ки дар як сол беш аз 70 тонна пиллаи хомро коркард намуда, аз он риштаи хушсифати абрешим истеҳсол намояд.Бо назардошти он, ки танҳо дар ноҳияи Шаҳритус ин миқдор пиллаи хом истеҳсол намешавад, соҳибкор Додарбек Мунавваров бо пиллакорони 5 ноҳияи минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш ба роҳ мондааст. Ӯ пиллакории онҳоро сармоягузорӣ карда, маҳсулоташонро барои коркард харидорӣ мекунад. Гузашта аз ин, ин соҳибкор дар назди корхонааш ҳам парвариши инноватсионии пиллапарварӣ ташкил намудааст. Дар ин ҷо ӯ бори аввал парвариши такрорӣ ва ё тирамоҳии пилларо ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда, бовар дорад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.Чунонки иттилоъ доданд, ин соҳибкор бо шарикони ватанию хориҷиаш ҳамчунин 100 ҳазор бех ниҳолҳои хушсифати тут шинондаанд, ки бо технологияи пешрафта нигоҳубин карда мешаванд. Дар назди ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаи дуюми ин соҳибкор, ки барои атласбофӣ пешбинӣ шудааст, оғоз бахшид.Тавре зикр гардид, 40 нафари дигар дар ин корхонаи атласбофӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.Иқтидори лоиҳавии ин корхона имкон медиҳад, ки дар як басти корӣ ё худ 8 соат беш аз 500 метри мураббаъ атласи хушсифати бозоргир истеҳсол шавад.Тибқи нақша сохтмони ин корхона бояд дар муддати якуним сол ба анҷом расонда шавад.

Октябрь 12, 2014 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!