Боздиди Р.Қодиров аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 01.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – 30 сентябр роҳбарияти маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо роҳбари намояндагии Бонки рушди АвруОсиё дар Тоҷикистон Рашид Қодиров мулоқот анҷом дод.
Назар ба хабари маркази матбуоти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», мавзӯи мулоқот иборат аз пешниҳодҳо дар амри сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои хушсифат буд.
Р.Қодиров зикр намуд, ки Бонки рушди АвруОсиё вазифадор аст ба рушди иқтисодиёти давлатҳои узви бонк, густариши равобити тиҷоратиию иқтисодии байни онҳо ва вусъати равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё бо василаи сармоягузорӣ мусоидат кунад.
Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирокдорони бонк ба шумор мераванд.
Дар анҷоми мулоқот иштирокдорони он аҳд карданд, ки имконияти ҳамкории минбаъда барои татбиқи лоиҳаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд.
Рашид Қодиров ҳамчунин бо муовини раиси вилояти Суғд Ановар Яқубӣ гуфтушунид кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






