Бозгашти варзишгарони тоҷик бо чор нишон аз Сеул
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни наврасону ҷавонон, ки аз 8-ум то 12-уми октябр дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, чаҳор медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар ин мусобиқа гӯштингирони ҷавон (писарону духтарон) аз 31 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Мусобиқа дар иншооти варзишии «Seoul Student Gymnasium», ки дар он ҷо сабқати муштзанҳо аз рӯи барномаи Олимпиадаи соли 1988 барпо гардид, доир шуд.
Ба иттилои манбаъ дар сабқати наврасон Фирдавс Насимов дар вазни то 81 кг бо медали нуқра сарфароз гашт. Муҳаммадризо Қурбонов (-87 кг) ва Хуршед Маҷидов(+87 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар сабқати ҷавонон Муҳаммадҷон Зоидов дар вазни то 74 кг барои ҷойи севум соҳиби медали биринҷӣ гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






