Бунёди боғи интенсивӣ бо ниҳолҳои Сербия
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар, Зарангези Латиф).- Тибқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат аз ҳисоби ниҳолҳое, ки соли гузашта тайёр карда шудаанд, дар хоҷагии таҷрибавии «Сунбула»-и ноҳияи Ҳисор дар майдони 0, 40 гектар, дар филиал дар вилояти Суғд дар майдони 1 гектар ва дар истгоҳи таҷрибавии зироатҳои субтропикии ноҳияи Ҷ. Румии институт дар майдони 1 гектар аз 40 навъу намунаи шафтолу ва 12 навъи бодом коллексия бунёд шуд.
Аз тарафи олимони институт дар қитъаҳои наздиҳавлигии деҳаи «Қади об»-и ноҳияи Роғун дар майдони 0,02 гектар, дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Файзобод дар майдони 0,02 гектар аз ҳисоби ниҳолҳое, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Сербия ворид гардидаанд, боғи интенсивӣ бунёд шуд ва технологияи парвариши онро ба роҳ монданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






