Бунёди клиникаҳои сайёр дар деҳот

Октябрь 27, 2014 15:35

Душанбе, 27.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар ҳошияи баргузории нахустин анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи лоиҳаи дастрасӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар деҳот ба имзо расид.
Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва Президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ  ба имзо расониданд.
Ҳадафи лоиҳа ин ба истифода додани 5 клиникаи мобилӣ дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мебошад.
Мақомоти татбиқкунандаи лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давраи татбиқи он  панҷ сол  мебошад.
Ҳудуди татбиқи лоиҳаи мазкур барои сохтмони клиникаҳои мобилӣ як қисми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва қисми ҷанубии ноҳияҳои тобеи марказро дар бар мегирад.
 
 

Октябрь 27, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад