Чор медали варзишгарони тоҷик аз бозиҳои Осиё
Душанбе, 3.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Варзишгарони тоҷик дар рӯзи дувоздаҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар се намуд- гӯштини юнониву румӣ, варзиши сабук ва таэквондо ширкат карда, ду медал гирифтанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи милли олимпии кишвар хабар додааст, дирӯз варзишгарони тоҷик Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов дар сабқати таэквондо ба мунтахаби Тоҷикистон боз ду медали биринҷӣ оварданд.
Фарҳод Неъматов дар сабқати мардон дар вазни то 80 кило рақибонаш Вей Тинг Лиу аз Ветнамро бо ҳисоби 6-2 ва Иброҳим Носир аз Афғонистонро бо ҳисоби 3-0 шикаст дода, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Маҳдӣ Худобахшӣ аз Эрон бо ҳисоби 2-7 шикаст хӯрд ва мақоми севумро касб кард.
Инчунин варзишгари дигари тоҷик Алишер Гулов дар сабқати таэквондо дар вазни + 87 кг бар асоси қуръакашӣ қувваозмоиро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ карда, бар Янг Йи аз Чин бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал аз Дмитрий Шохин (Ӯзбекистон) бо ҳисоби 0-12 шикаст хӯрд ва Алишер низ мақоми севумро азони худ кард.
Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар 12 рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII Осиё дар 15 намуд — бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейболи соҳилӣ, гӯштини озод, гӯштини юнониву румӣ, дзюдо, камонварӣ, қаиқронӣ, софт теннис, таэквондо, тирандозӣ, ушу, футбол ва шиноварӣ ширкат карда, 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ) ба даст оварданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






