Чорабинӣ бахшида ба 85-солагии «Тоҷиккино»
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дирӯз бахшида ба ҷашни 85 — солагии «Тоҷиккино» дар мактаб — интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, дар чорабинӣ меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Ба самъи ҳозирин табрикоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба 85-солагии кинои тоҷик расонида шуд. Сипас ба собиқадорони соҳаи мазкур сипосномаҳо аз тарафи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуданд.
Гуфта мешавад, ки баъд аз чорабинии расмӣ барои хонандагони мактаб — интернат аз тарафи Корхонаи фаръии давлатии «Тоҷиккино» дар вилояти Суғд кино намоиш дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






