Чорабиниҳои фарҳангӣ дар Рӯзи даъватшаванда
Душанбе, 02.10.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дирўз дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе Рўзи даъватшаванда баргузор гардид. Барои иштирок дар он беш аз 80 нафар ҷавони бонангу номус, ватандўсту ватанпарвар ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳозир шуд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, чунин як чорабинии тантанавӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон ва ҷавонони ноҳия баргузор шуд.
Муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ ҷавонон ва волидайни онҳоро бо ин рўз шодбош гуфта, барои ташаббусашон миннатдорӣ баён кард. Ҳамчунин перомуни дастгириву ғамхориҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ҷавононро ба хизмати содиқона баҳри ҳимояи марзу буми Ватан-модар, таъмини ваҳдати миллӣ ҳидоят ва ба онҳо сиҳатмандиву муваффақиятҳо таманно намуд.
Гуфта мешавад, ки барои ҷавонон аз тарафи санъаткорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабинии фарҳангӣ ташкил шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ даъватшавандагони ихтиёрӣ бо туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






