Чорабинии идона дар Маркази кӯдакон ва наврасони Душанбе
Душанбе,15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе имрӯз дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавии Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ доир гардид. Дар ҷамъомад намояндагони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони илму фарҳанг иштирок доштанд.
Дар оғози чорабинӣ директори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе Комилҷон Холов аз таъриху ташаккули пойтахт- шаҳри Душанбе сухан гуфт. К. Холов зикр намуд, ки аз солҳои аввали таъсиси пойтахт таваҷҷуҳи хосса ба сокинони навраси он низ зоҳир мегардид. Мактабу кӯдакистонҳо ва дигар марказҳои таҳсилоту машғулият барои кӯдакону наврасон таъсис дода мешуданд. Он замонҳо дар ин самт ташкилоти муттаҳидкунандаи кӯдакон- ташкилоти пионерӣ низ рушд меёфт ва он дар ин замина баҳри тарбияи насли фардосози пойтахт ва ҷумҳурӣ саҳмгузор буд.
Созмони талабагони Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ дар тӯли 14 соли фаъолияти худ миёни муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт нуфуз ва эътибори хосса пайдо карда, бори дигар собит намуд, ки фаъолияти худидории ташкилот ба ҷалби хонандагон дар корҳои ҷамъиятӣ ба манфиати хонандагон, ташкилот, мактаб ва дар маҷмӯъ ба нафъи ҷомеа мебошад.
Дар ҷамъомад муовини сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров, муовини раиси Созмони талабагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонназар Имомназаров дар бораи таъсиси ҷумҳурӣ ва эълон намудани пойтахт ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки сол то сол пойтахтамон- шаҳри Душанбе тараққӣ ёфта, ба як шаҳри бузург табдил ёфтааст.
Барои саҳми арзанда дар ташкил ва пешбурди кори ташкилоти ҷамъиятии худидораи хонандагон ва ба муносибати 90-солагии шаҳри Душанбе намояндагони марказҳои кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт бо мукофот ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин дар толори Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе намоиши дастранҷи кӯдакону маҳфилҳои ҳунарӣ ва шумораи ҷадиди нашрияи «Маҳфилоро» пешкаши ҳозирин гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе консерти идона доир намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






