Чорабинии «Шафақ» дар пойтахт

Октябрь 16, 2014 11:41

Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бозии ҳарбӣ — варзишии «Шафақ» — ро гузаронида истодааст. 17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии бозии мазкур байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва навоҳии шаҳри Душанбе доир мегардад. Иштирокдорони бозӣ аз рўи намудҳои давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, норинҷакпартоӣ, пўшидани ниқоби зидди газӣ, сафороӣ, тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ ва ба қисмҳои ҷудо намудани яроқ миёни худ сабқат хоҳанд намуд.
Ташаббускори баргузории чорабинӣ Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ буда, он дар доираи Барномаи «Тарбияи  ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва  рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни   наврасону  ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2012 — 2015»  ва гузаронида мешавад.
Дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа ҳуқуқ пайдо хоҳад намуд.

Октябрь 16, 2014 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик