Чорабинии «Шафақ» дар пойтахт
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бозии ҳарбӣ — варзишии «Шафақ» — ро гузаронида истодааст. 17 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии бозии мазкур байни дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва навоҳии шаҳри Душанбе доир мегардад. Иштирокдорони бозӣ аз рўи намудҳои давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, норинҷакпартоӣ, пўшидани ниқоби зидди газӣ, сафороӣ, тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ ва ба қисмҳои ҷудо намудани яроқ миёни худ сабқат хоҳанд намуд.
Ташаббускори баргузории чорабинӣ Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ буда, он дар доираи Барномаи «Тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2015» ва гузаронида мешавад.
Дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа ҳуқуқ пайдо хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






