«Чордодарон» нашр шуд
Душанбе, 17.10.2014. АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби нависандаи боистеъдод Гулчеҳра Муҳаммадиева бо номи «Чордодарон» баргузор гардид. Садри маҳфил адиби машҳур Саттор Турсун дар бораи моҳият ва мазмуну мундариҷаи китоби мазкур маълумот дод.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аъламхон Кӯчаров, шоира Гулрухсор, нависандагон Кароматулло Мирзоев, Нур Табаров, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Саодат Амиршоева, Акрамшо Шокиров ва дигарон дар бораи банду басти асари мазкур, норасоию комёбиҳояш сухан гуфтанд.
Романи нависанда Гулчеҳра Муҳаммадиева «Чордодарон» (қисми аввал) ҳаёти муосирони моро, ки дар ҳама шебу фарозҳои зиндагӣ садоқатро нисбат ба якдигар фаромӯш намекунанд, фаро мегирад.
Гулчеҳра Муҳаммадиева алҳол дар баробари эҷодкорӣ мудирии шуъбаи тарҷума,таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Хонандагон ӯро бо асарҳои «Як шаб», «Қасоси зан», «Бонувони Фархор», «Бӯи модар» мешиносанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






