Дар соҳаи сохтмон музди меҳнат аз ҳама зиёд аст
Душанбе, 20.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ то ҳолати 1 августи соли 2014 музди меҳнати миёнаи кормандони ҷумҳурӣ 833,89 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 % афзудааст.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар нуҳ моҳи соли равон дар соҳаҳои бахши воқеӣ музди меҳнати аз ҳама зиёд дар соҳаи сохтмон (1846,94 сомонӣ), саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо (1693,21 сомонӣ), неруи барқ, гази табиӣ ва таъминоти об (1305,43 сомонӣ) буда, сатҳи пасттарини он дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ (236,68 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи музди меҳнати соҳаҳои номбурда нисбат ба соҳаи кишоварзӣ мутаносибан 7,8 маротиба, 7,1 маротиба ва 5,5 маротиба фарқ дорад. Дар соҳаҳои бахши хизматрасонӣ музди меҳнати кормандони фаъолияти молиявӣ 2148,53 сомониро ташкил намуда, сатҳи он нисбат ба дигар соҳаҳо хеле баланд мебошад. Тафриқаи байни музди меҳнати кормандони соҳаи номбурда ва кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ — 3,2 маротиба (668,85 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш — 2,57 маротиба (837 сомонӣ), маориф — 2,85 маротиба (754 сомонӣ), соҳаи илм — 2,18 маротиба (985 сомонӣ) ва кормандони мақомоти идора — 2,3 маротиба (923,40 сомонӣ) мебошад.
Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар моҳҳои январ — июли соли равон 19253,5 млн. сомонӣ, аз ҷумла: барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 47,6 фоиз ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ 22 фоизро ташкил дод.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






