Дастарасии сокинони Хатлон ба маводи тиббӣ
Душанбе,02.10.2014 (Амит “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт маводҳои тиббиро барои сокинони вилояти Хатлон ба сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Шералӣ Раҳматуллоев ба таври расмӣ супорид.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар маросим намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва созмони байналмиллалии “Ҳайати шафқат” дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон, ҳукуматҳои ноҳияҳо ва кормандони марказҳои саломатӣ ширкат доштанд.
Дар чорабинии мазкур маводи тиббӣ, минҷумла вазнченкунакҳо, мавод барои санҷиши фишори хун (тонометрҳо), стетоскопҳо, термометрҳо ва ғайра барои 355 муассисаи тандурустии деҳот бо мақсади беҳтар гардонидани ёрии аввалияи тиббӣ, махсусан ба модарон ва кӯдакон дар вилояти Хатлон тақдим гардид. Ин маросим аҳамияти хизматрасонии баландсифати тиббиро дар пешгирӣ ва табобати оқибатҳои норасоии ғизо дар вилояти Хатлон таъкид намуд. Таъмини асбобҳои тиббӣ бо дастгирии лоиҳаи USAID “Солимии модар ва кӯдак”, ки аз чониби созмони байналмилалии “Ҳайати шафқат” амалӣ мешавад, имконпазир гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳукумати ИМА барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар ҳамроҳӣ бо шарикони хеш ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳияҳо ва вилоят дар ҷомеаҳои камбизоаттарин фаъолияти хешро пиёда намудааст. Диққати махсус ба модарони ҷавон ва кӯдакони хурдсол, ки дар зери хатари норасогии ғизо ва солимии ноустувор қарор доранд, дода мешавад. Ҳукумати ИМА тасмим гирифтааст, ки то анҷоми лоиҳа дар моҳи сентябри соли 2016 вазъи саломатӣ ва ғизои зиёда аз 300 ҳазор зани қобили таваллуд ва 220 ҳазор кӯдаки то панҷсоларо беҳтар гардонад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






