«Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон»:намоишгоҳ

Октябрь 7, 2014 11:05

 
      Душанбе, 07.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Рушди иқтисодии Афғонистон» — интизор меравад, ки таҳти чунин унвон моҳи ноябри соли равон дар Душанбе  намоишгоҳи байналмилалии иқтисодии Афғонистон созмон дода шавад. Масъалаи мазкур дар ҷараёни мулоқоти Шариф Саид- раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Абдулқодир Баҳман –ноиби мудири кулли Палатаи савдо ва саноати Афғонистон дар Душанбе матраҳ гардид.
       Мавриди зикр аст, ки Афғонистон бо Тоҷикистон кишвари ҳамҷавор буда,  дар соли 2013 гардиши мол байни ду давлат 174 миллион $ -ро ташкил дод, ки аз он 101 миллион $ содирот ва 73 миллион $ воридот мебошад.  Дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ нақши муҳим мебозад. Бо барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон  дар минтақаҳои наздисарҳадии Ишкошим, Дарвоз, Панҷ, Ванҷ ва Хоруғ 5 пул бунёд карда шудааст, ки сохтмони ин иншоотҳои муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ,  хусусан гардиши мол байни Тоҷикистону Афғонистон саҳми босазо мегузоранд. 
 
 

Октябрь 7, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!