Дастовардҳои МБС дар Тоҷикистон
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 16 октябр дар ҷаласаи навбатии Кумитаи мушоҳидаи лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе фаъолият, дастовардҳо, масоил ва иқдомоти минбаъдаи лоиҳаҳои Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маркази мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаеро, ки ҳукумати Швейтсария дар ҳошияҳои Барномаи ҳамкории бахши савдо дар ҶТ маблағғузорӣ менамояд, дар амал татбиқ мекунад. Кумитаи мушоҳидаи лоиҳаҳо ба манзури дастгрии фаъолияти лоиҳаҳо ва таъмини шаффофияти татбиқи онҳо таъсис ёфта буд. Ба ҳайати Кумитаи мушоҳидаи лоиҳаҳо намояндагони бархе вазорату идораҳои Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисодиёт ва бахши инфиродӣ шомиланд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






