Донистани забонҳои хориҷӣ-омили рушди иқтисодиву иҷтимоӣ

Октябрь 4, 2014 11:41

 
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  4 октябри соли ҷорӣ дар баробари донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷиро низ манфиатнок арзёбӣ кард. Аз ҷумла, Сарвари Давлат зикр намуд, ки дар баробари забони давлатӣ, омўхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, ба мо дар густариши муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин, ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунанд.
Ба таъкиди Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати истиқлолият миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро мавриди истифода қарор дода, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд  ва имрўз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад.
 

Октябрь 4, 2014 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад