Донистани забонҳои хориҷӣ-омили рушди иқтисодиву иҷтимоӣ
Душанбе, 4.10.2014. (АМИТ “Ховар”).-Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ 4 октябри соли ҷорӣ дар баробари донистани забони давлатӣ омӯхтани забонҳои хориҷиро низ манфиатнок арзёбӣ кард. Аз ҷумла, Сарвари Давлат зикр намуд, ки дар баробари забони давлатӣ, омўхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, ба мо дар густариши муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин, ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунанд.
Ба таъкиди Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати истиқлолият миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро мавриди истифода қарор дода, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд ва имрўз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






