Душанбе чанд сокини 90 -сола дорад?
Душанбе, 01.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори 90-солагии пойтахт, ки дар нимаи дуюми моҳи октябр таҷлил мегардад, сокинони 90-солаи пойтахтро бо кумакпулии яквақтаина қадрдонӣ намояд. Ин тадбир рамзӣ буда, он дар остонаи ҷашни 90-солагии Душанбе ҳамчун пойтахт амалӣ гардонида мешавад.
Шавкат Саидов- котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, интизор меравад, ки ба ҳар як сокини 90-солаи Душанбе аз буҷети пойтахт 900 сомонӣ ва аз буҷети ноҳияҳои шаҳр 600 сомонӣ, дар маҷмӯъ 1500 сомонӣ, муодили 300 $ дода шавад.
Солмандоне, ки синнашон расо 90 аст, теъдодашон дар пойтахт чанд нафар аст? Дар посух ба ин савол Шавкат Саидов афзуд, ки алҳол омори мушаххас дар ин самт вуҷуд надорад ва он то ҷашни 90 -солагии Душанбе аз ҷониби сохторҳои марбутаи пойтахт муайян мешавад. Нафароне, ки синнашон аз 90 болост ва берун аз ҳудуди пойтахт сукунат доранд, ба онҳо чунин кумакпули дода намешавад. Танҳо ба шахсони 90-сола дар ҳаҷми 1500 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад, ки синнашон расо 90 буда, санаи таваллудашон ба соли 1924 рост ояд.
Бояд тазаккур дод, ки 90 -солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта шуда, таҷлили ин санаи муборак муддати 9 рӯз, ки рақами рамзист, идома меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






