Э. Раҳмон: “Ба мо таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ҷолиб аст”
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — “Бо мақсади кам кардани таъсири манфии таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла оқибатҳои баъдибуҳронии молиявию иқтисодӣ, хавфи зиёдшавии сатҳи камбизоатӣ, дастрасии маҳдуди мардум ба оби тоза, озуқаворӣ, нерўи барқ ва дигар маҳсулоту хизматрасониҳои ниёзи аввал, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлим ва тамоюлҳои зудтағйирёбандаи ҷаҳониву минтақавӣ, густариш ва таҳкими робитаҳои иқтисодии берунӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ба мо дўст ва шарик вазифаи муҳимтарини сиёсати иқтисодии хориҷии кишвари мо мебошад”, — гуфт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 октябр зини суханронии хеш дар дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе — 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт».
Ба таъкиди Сарвари Давлат густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як кишвари ҷаҳон комилан ҷавобгў мебошад.
“Барои мо таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ва рў ба тараққӣ, ки ба бахши хусусии онҳо қариб 80 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ва на камтар аз 70 фоизи шуғли аҳолӣ рост меоянд, хеле ҷолиб мебошад”, — тазаккур дод Э. Раҳмон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






