Э. Раҳмон ба соҳибкорон: «Мо аз ҳар иқдоми шумо сипосгузорем»
Душанбе, 14.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои эҳсонкориву ҳимматбаландӣ ба соҳибкорон аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён карда, иброз намуд, ки: «Мо аз ҳар иқдоми эҳсонкорӣ ва ташаббуси ватандӯстонаву хайрхоҳонаи шумо, соҳибкорони ҳимматбаланд, хусусан дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагии нав, таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, бунёд ва таъмири роҳу пулҳо, инчунин расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ташкили хатнасуру тӯйҳои хонадоршавии дастҷамъона сипосгузорем».
Ҳамзамон Президенти мамлакат ба соҳибкорону аҳли тиҷорат дар рушди иқтисодиёти кишвар, дар устувор намудани асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлат, бунёди корхонаву муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии эҳтиёҷмандону ниёзмандон, ободу зебо гардонидани диёри барои ҳар фарди бонангу номуси миллат муқаддас миннатдорӣ баён намуда, изҳори итминон кард, ки тоҷирону соҳибкорон бо дарки масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ дар рушду пешрафт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Баъди анҷоми суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, ки аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ва аз кишварҳои хориҷӣ ба ин мулоқот ҳозир шуда буданд, посухҳои қаноатманд дод.
Дар суханронии худ соҳибкорон, намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ ба роҳбарияти ҳукумату давлат дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидани раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти кишвар вобаста ба таклифу пешниҳодоти судманди иштироккунандагони мулоқоти мазкур ба мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ супоришҳои дахлдор дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳамаи гуфтаҳои иштироккунандагонро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳанд ва баҳри дар амал татбиқ намудани дархостҳои асоснокгардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






