Э.Раҳмон: маориф аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллист
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз Сарвари Давлат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар зикр намуд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад ва рушди ояндаи кишвар аз пешравии он вобаста мебошад.
Ҳамчунин таъкид намуд, ки моро зарур аст ба рушди соҳибкорӣ дар ин соҳаи ниҳоят муҳим тавассути ташкили мактабҳо, литсею гимназияҳо, боғчаҳои хусусӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ эътибори ҷиддӣ диҳем.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронии хеш зикр намуд, ки пешниҳод менамоям, ки бо мақсади ҳавасманд намудани бахши хусусӣ ба рушди соҳаи маориф ва тақвият додани сармояи зеҳнӣ дар бобати муқаррар намудани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда барои муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






