Э. Раҳмон: “Захираҳои об-боигарии асосии Тоҷикистон”
Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — “Захираҳои об боигарии асосии Тоҷикистон мебошанд. Зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби софи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд”, -иброз дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зини суханронии хеш дар дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе — 2014 таҳти унвони «Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт».
Ба таъкиди Э. Раҳмон Тоҷикистон дорои имконияти истеҳсоли 527 миллиард киловатт — соат нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозатарин ва аз назари иқтисодӣ арзонтарин дар як сол буда, айни замон танҳо 6 фоизи он истифода бурда мешавад.
Аз ин рў, ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар рушди соҳаи гидроэнергетика ҳамчун самти афзалиятнок муайян гардидааст.
Зиёд кардани истеҳсоли нерўи барқ тавассути сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии миёнаву бузург на танҳо ба фоидаи Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои рушдёфтаистодаи ҳамсоя ва дигар минтақаҳо мебошад.
“Беҳуда нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» ҳамчун кишвари пилотӣ пазируфта шудааст”, — тазаккур дод Сарвари Давлат.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






