Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар регистони Қалъаи Ҳисор хонда шуд
Душанбе 14. 10. 2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Таърихи Ҳисори Шодмон чун як пораи таърихи миллати тоҷик гоҳо аз даврони хушбахтиҳо ва гоҳо пур аз ҳодисаву воқеаҳои фоҷиабор ва даҳшатнок иборат аст. Борҳо ин сарзамин аз дасти золимони аҷнабӣ чун Искандару лашкари аъроб, Чингизу Темур ва манғит қатлу ғорат шудааст. Гузашта аз ин аз ҷанги байниҳамдигарии феодалҳои худи ҳамин водӣ мардум ба дод омада буд. Сарфи назар аз ҳамаи ин беадолатиҳои таърих мардум забон, фарҳанг, илм ва ору номуси миллиро аз насл ба насл ва аз аср ба аср мерасониданд.
Аз даврони қадим то даврони муосир дар бисёр мавридҳо Ҳисори Шодмон ҳамчун пойтахти вилояти калон барои нигоҳ доштани Истиқлолияти худ бомуваффақият мубориза мебурд. Ин водии зарнисор садҳо олимон, шоирон, наҷчорон, санъаткорон ва паҳлавонону арбобони бузурги давлатиро ба арсаи ҳаёт овардааст.
Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишинҳо, намунаест аз даврони пуршаъну шон- аз аҳди Сосониёну Сомониён. Қалъаи Ҳисор -ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азиз буду ҳаст. Қалъаи Ҳисор боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 маҳз дар майдони регистони ин ҷо хонда шуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






