Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон дар регистони Қалъаи Ҳисор хонда шуд

Октябрь 14, 2014 15:49

Душанбе 14. 10. 2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Таърихи Ҳисори Шодмон чун як пораи таърихи миллати тоҷик гоҳо аз даврони хушбахтиҳо ва гоҳо пур аз ҳодисаву воқеаҳои фоҷиабор ва даҳшатнок иборат аст. Борҳо  ин сарзамин аз дасти золимони аҷнабӣ чун Искандару лашкари аъроб, Чингизу Темур ва манғит қатлу ғорат шудааст. Гузашта аз ин аз ҷанги байниҳамдигарии феодалҳои худи ҳамин водӣ мардум ба дод омада буд.  Сарфи назар аз ҳамаи ин беадолатиҳои таърих мардум забон, фарҳанг, илм ва ору номуси миллиро аз насл ба насл ва аз аср ба аср мерасониданд.
Аз даврони қадим то даврони муосир дар бисёр мавридҳо Ҳисори Шодмон ҳамчун пойтахти вилояти калон барои нигоҳ доштани Истиқлолияти худ бомуваффақият мубориза мебурд. Ин водии зарнисор садҳо олимон, шоирон, наҷчорон,  санъаткорон ва паҳлавонону арбобони бузурги давлатиро ба арсаи ҳаёт овардааст. 
Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишинҳо, намунаест аз даврони пуршаъну шон-  аз аҳди Сосониёну Сомониён. Қалъаи Ҳисор -ормони дили ҳазорҳо аҷдодони дар ҳасрати Истиқлолият, сулҳу осоиш  ҷон ба ҷонофарин супорида ва мулки худододи аз ниёгон мерос монда барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азиз буду ҳаст. Қалъаи Ҳисор   боз аз он ҷиҳат барои ҳар тоҷики ватандӯст азиз аст, ки Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1924 маҳз дар майдони регистони ин ҷо хонда шуд.        
 
 

Октябрь 14, 2014 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!