Эътимодномаи намояндаи Тоҷикистон ба Дабири кулли СҲИ
Душанбе, 10.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар Котиботи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) маросими супурдани Эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ба ҳайси Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба Дабири кулли СҲИ Шамил Алескеров 8 октябри соли 2014 баргузор гардид.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ин созмон, махсусан дар заминаҳои иқтисодӣ, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ, энергетика, илму маориф ва фарҳанг табодули назар карданд.
Дабири кулли СҲИ бо орзуи муваффақият ба фаъолияти Сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар робита ба фаъолияти имрӯзаи созмон ва аҳамияти он ҷиҳати рушду пешрафти кишварҳои узв ва минтақа маълумоти муфассал баён намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






