Фаъолияти иқтисодчиён таҳти муқаррароти Қонуни нави забон

Октябрь 8, 2014 10:38

Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-  Дар ҷамъомади тантанавие, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Шаҳрияи Аҳтамзод ширкат варзид.
Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматҷон Буриев ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик карда, гуфт, ки дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ба забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо ва вохӯриҳои сершумори худ муҳимияти ин масъаларо таъкид менамояд.
Зикр шуд, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо комиссияи татбиқи Қонуни забон пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, тарҷумаю истифодаи дурусти истилоҳоти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аъзои комиссия мақсад доранд, ки дар оянда низ таҳти муқаррароти Қонуни нави забон фаъолияти худро густурда ба роҳ монда, дар татбиқи он саҳми худро гузоранд. 
Шоираи нозукбаёни тоҷик Шаҳрияи Аҳтамзод ва сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мансури Шодмон Ҷамолиддинзода дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», одоби муошират, истифодаи истилоҳоти соҳавӣ андешаҳои худро баён намуданд. Шоира Шаҳрияи Аҳтамзод ҳамзамон аз ашъори тозаэҷодаш дар васфи забон якчанд шеър қироат кард ва дар интиҳо байни кормандони вазорат ва меҳмонон оид ба паҳлӯҳои мухталифи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
 
 

Октябрь 8, 2014 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд