Фармондеҳи қисми ҳарбӣ дубора муҷозот мешавад
Душанбе, 8.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Фармондеҳи ротаи таълимии қисми ҳарбии 2613-и Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сагизов Рустам Туйчиевич бо гирифтани пора дастгир шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Р. Сагизов бо истифода аз мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Азимов даромада, барои интиқоли ҷияни ӯ аз қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба қисми ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе 600 доллари амрикоӣ гирифта, барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Манбаъ илова намуд, ки дар айни ҳол фармондеҳи қисми ҳарбии сарҳадӣ бо қаллобӣ айбдор мешавад ва тафтиш дар ин самт идома дорад.
Рустам Сагизов дорои маълумоти олӣ ва соҳиби 2 фарзанд буда, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб аст. Номбурда қаблан низ бо қаллобӣ боздошт ва маҳкум гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






