Фурӯши ғайриқонунии дискҳои лазерии аудиовизуалӣ

Октябрь 15, 2014 10:14

Душанбе, 15.10.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо кормандони КВД «Тоҷиккино» ва иштироки прокурори шуъбаи Прокуратураи шаҳри Душанбе 12-уми августи соли равон дар ҳудуди бозори ҶДММ «Достӣ», воқеъ дар канори бозори «Корвон»-и шаҳри Душанбе амалиёти гумрукӣ гузаронид.
Тавре ки аз Хадамоти гумруки кишвар иттилоъ доданд, амалиёт муайян намуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Хонянг дар ҳудуди ҶДММ «Достӣ» фаъолияти тиҷоратиро ба роҳ монда, бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунии ворид шудани мол ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯши дискҳои лазерии аудиовизуалӣ дар ҳаҷми махсусан калон- 324 ҳазор дона, ки арзишашон 403 ҳазору 461 сомониро ташкил медод, машғул мебошад.
Нисбат ба шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Хонянг бо моддаи 289, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
 
 

Октябрь 15, 2014 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе