Г.Полтавченко бо ҳайати калон озими Душанбе мегардад

Октябрь 8, 2014 12:00

      Душанбе, 08.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки Георгий Полтавченко -волии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар нимаи аввали моҳи ноябри соли равон бо як ҳайати баландпоя озими Душанбе гардад. Губернатори Санкт-Петербург дар чорабиниҳое, ки дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе доир мегарданд, иштирок намуда, ҳамзамон бо шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дидору мулоқот хоҳад кард.
      Шавкат Саидов-котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи тақвими тарҳрезинамудаи шаҳрдории Душанбе,   баргузории Рӯзҳои шаҳри Санкт -Петербург дар нимаи дуюми моҳи октябр -дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии Душанбе пешбинӣ гардида буд. Бо назардошти иштироки бевоситаи Георгий Полтавченко -волии Санкт-Петербург дар чорабиниҳои марбут ба баргузории Рӯзҳои шаҳри соҳили Нева дар Душанбе, ин чорабинӣ ба таъхир афтода, санаи баргузорияш рӯзҳои 7-8 ноябри соли равон муқаррар гардид.
         Шавкат Саидов афзуд, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе тибқи барномаи тарҳрезишуда ҷаласаҳои тантанавӣ, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ-консертҳои калон, барномаҳои театрӣ  бо иштироки ҳунармандони рус баргузор мегарданд.      
           Бояд тазаккур дод, ки Душанбе ва Санкт-Петербург дар асоси созишномаи ба тасвиб расида аз  6 октябри соли 1991 бародаршаҳр мебошанд. 30 апрели соли 1999 созишномаи нав дар бораи паймони бародаршаҳрӣ ва Созишнома байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

Октябрь 8, 2014 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд