Гулгузории И. Алиев дар пояи муҷассамаи Сомонӣ
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 16 октябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Меҳмони олиқадр зӯҳри имрӯз пас аз мулоқоти хосса бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва иштирок дар музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Озарбойҷон ба Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба нишони эҳтироми таъриху фарҳанги қадима ва пурғановати мардуми тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори давлати бузурги тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Пас аз маросими гулгузорӣ сурудҳои миллии Тоҷикистону Озарбойҷон садо доданд.
Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз, пас аз зӯҳр Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот хоҳад кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






