Гузориши Озода Эмомалӣ дар Маҷлиси намояндагон
Душанбе, 2.10.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ иштирок намуда, оид ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи иҷлосия вобаста ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, гузориш дод.
Аз ҷумла, Раҳмон Озода Эмомалӣ зикр намуд, ки созишномаҳои мазкур барои тарафҳои он имкон медиҳанд, ки барои ҷойгир намудани намояндагиҳои дипломатии ҷонибҳо дар асоси принсипи мутақобила ба муҳлати 49 сол қитъаи замин ҷудо карда шуда, барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд. Инчунин дар Созишномаҳо риояи қонунгузории миллии давлати иқомат дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ; озод намудан аз андозҳо, боҷ ва пардохтҳои вобаста ба сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ; барасмиятдарории ҳуқуқи моликият ба бинову иншоот ва ҳуқуқи иҷораи қитъаҳои замин; тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи мазкур; тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани созишнома ба танзим дароварда мешаванд.
Тасдиқи имзои созишномаҳоро ҳамаи вакилон якдилона дастгирӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






