Хатми кори мактаби байналмилалии астрофизикҳо
Душанбе, 17.10.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 40 нафар олимони ҷавони кишварҳои ИДМ таҷрибаомӯзиро дар Маркази тадқиқоти илмии байналмилалии «Помир – Чақалтой», ки дар баландии 4 ҳазору 370 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст, анҷом дода, ҳамаи иштирокдорони он шаҳодатномаҳо ба даст оварданд. Дар ин бора аз Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстона ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Директори Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои узви ИДМ Анатолий Иксанов ба мутахассисону аспирантҳои ҷавон шаҳодатномаҳоро дар бораи иштирок дар ин ҳамоиши нодири илмӣ супурда, аҳамияти хосаи чунин лоиҳаҳо барои тақвияти неруи илмии ҳамаи кишварҳои Иттиҳодро хотирнишон сохт.
Ёдовар мешавем, ки маркази тадқиқотии «Помир – Чақалтой» 5 сол боз мавриди истифодаи якҷояи Русия ва Тоҷикистон қарор дорад. Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов иброз дошт, ки ба туфайли дастгирии Бунёди байналмилалии ҳамкории башардӯстона олимони ҷавони ҳамаи кишварҳои ИДМ аз имкониятҳои технологии ин озмоишгоҳи баландкӯҳ бархӯрдоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






