Хатсайрҳои масири Душанбе -Истанбул меафзоянд
Душанбе, 09.10.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Шурӯъ аз 31 октябри соли 2014 Ширкати ҳавопаймоии Туркия тасмим гирифтааст, ки теъдоди хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе-ро то 3 маротиба дар 1 ҳафта зиёд намояд.
Аз Сафорати Туркия дар Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки тасмими мазкур имконият медиҳад то шумораи парвозҳои мустақим аз Душанбе ба самти Истанбул дар як ҳафта шаш маротиба сурат гирад. Парвозҳои мустақими тайёраҳо дар масири Душанбе — Истанбул рӯзҳои душанбе-панҷшанбе-шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Туркия ва рӯзҳои сешанбе-ҷумъа-якшанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Нахустин парвози ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Туркия дар хатсайри Истанбул-Душанбе рӯзи ҷумъа, 31-уми октябри соли 2014 сурат хоҳад гирифт. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии “Отатурк”-и Истанбул соати 20:35-и 31 октябр сурат гирифта, соати 4:30-и 1 ноябр дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд.
Интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши теъдоди хатсайрҳо дар масири Душанбе-Истанбул -Душанбе ширкати ҳавопаймоии Туркия омодааст дар нархномаи чиптаҳояш тағйирот ворид созад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






