«ХЕЛИ» дар «Данғара» нафтро коркард мекунад

Октябрь 9, 2014 14:47

 
                Душанбе, 09.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ширкати чиноии сармоягузории  «Хели» дар Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Данғара»,  воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба маблағи 400 миллион $ корхонаи коркарди нафт месозад.
      Дар иртибот ба ин 9 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишномаи сармоягузорӣ байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «Хели»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмон ва ба истифода додани  корхонаи коркарди нафт  дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ намуданд.
           Лочин Файзуллозода -муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ гуфт, ки  сохтмони  корхонаи коркарди нафт  аз ду марҳила иборат буда, дар навбати  аввал иқтидори истеҳсолии корхона 500 ҳазор тонна нафт дар як солро ташкил дода, бо сармоягузории беш аз 60 миллион $ дар зарфи  ду сол бунёд  мешавад. Зикр  шуд, ки    татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа  ду солро дар бар гирифта, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз 300 миллион  $ гузашта ва истеҳсол ба 1,2 миллион тонна расонида мешавад. 
        Лочин Файзуллозода афзуд, ки корхонаи мазкур азм дорад маҳсулоти нафтии худро дар бозорҳои  дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод намояд, ки он ба  афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард. Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи мазкур дар он беш аз 500 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад, ки 90%-и онро коргарони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод. То анҷоми  пурраи корхона теъдоди коргарони он ба 1200 нафар расонида мешавад. 
     Таъкид шуд, ки бо мақсади қонеъ намудани талабот ба маҳсулоти нафти хом сармоягузор бо субъектҳои дахлдор аз Русия, Қазоқистон ва  Афғонистон  созишномаҳоро ба имзо расонидааст.  Дар баробари ин ҷиҳати  дарёфти ашё аз манбаъҳои дохилӣ  ширкат  барои кашфи чоҳҳои ватанӣ низ ҳавасмандӣ зоҳир кардааст.  Бо мақсади интиқоли маҳсулоти тайёр ва фурӯши он дар дохили кишвар садҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти нафтӣ ташкил мешаванд. Инчунин ширкати «ХЕЛИ» тасмим гирифтааст, ки коргарони ин корхонаро, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд, барои гирифтани  ихтисос ва омӯзиш ба Чин равон намояд. 
       Корхонаи коркарди  нафт дар МОИ «Данғара»  бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардида,  ба муҳити зисти минтақа  таъсири манфӣ нахоҳад расонд. Ба фаъолият шурӯъ кардани корхонаи мазкур ба ғанӣ гардонидани бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтӣ, таъмини рақобати солим, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ,  ба рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон мусоидат хоҳад кард

Октябрь 9, 2014 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!