Иқдоми муштарак бо саховатмандони маҳаллӣ
Душанбе,08.10.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар арафаи иди саиди Қурбон, ки 5 октябр таҷлил гардид, намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби хайркунандагони маҳаллӣ ба оилаҳои ниёзманд кумаки моддӣ, ки аз маводи хӯрокӣ иборат буд, расонид.
Абдуғаффори Солеҳ -масъули бахши равобити умумии намояндагии Кумитаи мазкур гуфт, ки бо дастури Сайидмаҳдӣ Ибодӣ -раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 750 адад сабади маводи ғизоӣ ва хокаи шустушӯӣ, инчунин ба ҳар як сабад 1-3 килоӣ гӯшти қурбонии хайирини маҳалӣ изофа шуда, ба оилаҳои ниёзманд ва ятимон тавзеъ дода шуд.
А. Солеҳ афзуд, ки икдомоти кумитаи имдодро хайркунандагони маҳаллӣ ба хубӣ пазируфтанд ва ин боиси ҷалби бештари онҳо ба кумаку дастгирии табақаҳои ниёзманд гардид. Натиҷаи хуби ин икдом боз ин буд, ки бархе аз шахсони саховатпешаи маҳаллӣ ғайр аз гӯшти қурбонӣ, инчунин ба ниёзмандон сабзавот ҳам кумак намуданд. Ин иқдоми муштараки Кумитаи имдод бо саховатмандони маҳаллӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Кӯлоб, Ваҳдат, Хоруғ ва навоҳии Нурободу Рашт анҷом дода шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






