Иқдоми нави IRS
Душанбе, 24.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Мусаллам аст, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигаҳдории он идомаи мантиқии ин раванд. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки механизми инноватсиониро аз рўйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мавриди амал қарор диҳад. Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама беҳдошти вазъи роҳи мазкур аст. Бо ин мақсад дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз 31-уми марти соли 2010 ҷорӣ гардид. Албатта, мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷиҳатҳои мусбати зиёд дошта, он пеш аз ҳама ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории мунтаззаму устувори роҳ ва дар маҷмўъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он кумаки амалӣ мерасонад.
Дар хадамоти матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе–Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Аз 25 октябри соли равон ба фаъолият шурўъ намудани нуқтаи вазнченкунӣ дар километри 180–ум, воқеъ дар ноҳияи Шаҳристон аз чунин иқдомот буда, ҳадафи амалӣ намудани он таъмини бехатарӣ ва беҳдошти вазъи роҳ аст. Нуқтаи вазнченкунии зикршуда бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз буда, раванди фаъолият пурра тариқи автоматӣ сурат мегирад. Бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт дар назди нуқтаи вазнченкунӣ истгоҳҳои махсусгардонидашуда барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт бунёд гардидаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёте, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, дар нуқтаи вазнченкунии нав фурсати зиёдро талаб намекунад. Фаъолияти онҳо тавре роҳандозӣ шудааст, ки тамоми раванди муайяннамоии андозаву вазн дар муҳлати хеле кўтоҳ сурат мегирад. Ба фаъолият оғоз намудани нуқтаи вазнченкунии мазкур дар баробари эмин нигоҳ доштани шоҳроҳ аз вайроншавии паш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки даҳҳо нафар ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гарданд.
Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур на ба хотири ҷамъоварии маблағ, балки ҷиҳати аз байн бурдани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад. Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.