Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии Хуросон

Октябрь 8, 2014 10:08

 
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Хуросон ва Бохтар идома ёфт.
 
Субҳи барвақт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.
 
Тавре иттилоъ доданд, ин бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст.
 
Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир карда шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад. Ин бино дорои 25 кати хоб барои беморон аст.
 
Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.
 
Ба иттилои масъулин дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак ҳамин гуна корҳо дар 4 ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ  таъмин карда шаванд.
 

Октябрь 8, 2014 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд