Ифтитоҳи бинои нави беморхонаи марказии Хуросон
Душанбе, 08.10.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Хуросон ва Бохтар идома ёфт.
Субҳи барвақт бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, ин бино бо харҷи қариб 13 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеролии Олмон сохта ва бо таҷҳизоти навтарини ин соҳа аз ширкати олмонии Сименс таъмин карда шудааст.
Дар ин бино шуъбаҳои таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарии ин беморхона ҷойгир карда шуда, ҳадафи асосӣ тибқи созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон беҳдошти ҳифзи модару кӯдак мебошад. Ин бино дорои 25 кати хоб барои беморон аст.
Мутахассисони маҳаллӣ барои кор бо таҷҳизоти муосири ин бинои нави беморхона дар сатҳи баланд бозомӯзӣ шудаанд.
Ба иттилои масъулин дар доираи татбиқи барномаи муштараки Тоҷикистону Олмон оид ба беҳдошти ҳифзи модару кӯдак ҳамин гуна корҳо дар 4 ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо маблағгузории қариб 200 миллион сомонӣ гранти олмонӣ дар муддати кӯтоҳ бояд таваллудхонаҳои тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон навсозӣ шуда, бо чунин таҷҳизоти таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳёгарӣ ва дигар хизматрасониҳои тиббӣ таъмин карда шаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






