Ифтитоҳи маркази хизматрасонии бонкӣ дар Турсунзода
Душанбе, 16.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Турсунзода имрӯз ба беш аз 19 ҳазор нафақагирони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёда аз 1500 нафар нафақагири сохторҳои қудратӣ хизмат мерасонад.
Бо супориши раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба сохтмони биноҳои замонавии марказҳои хизматрасонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, филиали бонк дар ноҳияи Турсунзода дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Турсунзода бинои наву замонавии маркази хизматрасонии бонкӣ ба истифода дода шуд. Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст то охири сол шумораи чунин марказҳоро дар миқёси кишвар зиёд намояд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, теъдоди дорандагони кортҳои бонкии «Амонатбонк» то 30 сентябри соли равон ба 488 ҳазору 522 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 205 ҳазору 492 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Аз ҷумлаи кортҳои интишоргашта 297 ҳазору 989 адад корти нафақагирон, 29 ҳазору 273 ададаш корти шахсони воқеӣ ва 161 ҳазору 260 адад ба шахсони ҳуқуқӣ мансуб мебошад. Ҳиссаи асосии кортҳои пардохтии бонкии дар ҷумҳурӣ ба муомилот баровардашуда, ин кортҳои пардохтии БДА ҶТ “Амонатбонк”мебошад, ки 52 фоизи ҳаҷми умумии кортҳои баровардашудаи Ббнкҳою ташкилотҳои молиявии кишварро ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






